Press "Enter" to skip to content

“Хабарҳо”

Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 08.06.2025

8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар чорабинии имрӯза ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускори “Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ” иштирок дорад.
Дар суханронии худ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи ташвишовари тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли ин мушкилот андешаронӣ намуда, як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.
Таъкид гардид, ки то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ буда, дар рушди ҳамаи соҳаҳо ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд.
Аз раванди ташвишовари обшавии босуръати пиряхҳо ва паёмадҳои харобиовари он ёдовар шуда, Президенти кишвари мо изҳор доштанд, ки оқибатҳои ин раванд ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамоянд.
Тадбирҳои мушаххаси андешидаи Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани устувории муҳити зистро таъкид намуда, Сарвари давлат иброз доштанд, ки кишвари мо тайи 20 соли охир дар арсаи ҷаҳонӣ рӯзномаи обу иқлимро бо муваффақият пеш мебарад.
“Ташаббусҳои мо дар самти обу иқлим аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, мавриди татбиқ қарор гирифтаанд”, изҳор доштанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.
Ба андешаи Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин хусус аҳаммияти ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти илму таҳқиқотҳоро дар соҳаи криосфера ба таври возеҳ тасдиқ кард.
Роҳбари давлати мо бо қаноатмандӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба эълон кардани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҷалб намуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар охири моҳи майи соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қатъномаи марбутаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ кард.
Доир ба ҳадафҳои ин чорабинии сатҳи баланд андешаронӣ намуда, Сарвари давлат изҳор доштанд, ки нахустин конфронси байналмилалӣ барои сафарбар кардани иродаи илмӣ ва сиёсӣ ба дарёфти роҳҳои ҳалли устувори ҳифзи сарчашмаи оби тоза, яъне пиряхҳо, заминаи мусоид фароҳам овард.
Аснои суханронӣ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабиниро ба масъалаҳои коҳишёбии бесобиқаи криосфера ҷалб намуданд.
Зикр карда шуд, ки раванди коҳишёбии криосфера ба зиндагии босуботи мардуми сайёра таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда, метавонад то соли 2050 ба як миллиард нафар аҳолии минтақаҳои наздисоҳилӣ ва ҷазиракишварҳо таъсири назаррас расонад.
Дар ин зимн Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба инобати аҳаммияти пиряхҳо ва бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносиро таъсис диҳем.
Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳон даъват намуданд, ки ҳамкорӣ баҳри ҳифзи криосфера ва тақвияти илмҳои криосферӣ дар ҳама сатҳҳо густариш дода шавад.
Дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус, ки чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 дар доираи он баргузор гардид, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 65 кишвари ҷаҳон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва роҳбарони як қатор созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ иштирок мекунанд.
Ҳамоиши сатҳи олӣ барои муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари пешво дар умури обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ифтитоҳ намуданд. Маросими ифтитоҳ сипас бо суханронии Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле идома ёфта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон ҳусни анҷом ёфт.
https://president.tj/event/news/51125

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон 30.05.2025

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Италия” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

30 май дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.

Дар маҳалли ҳамоиши сатҳи баланд - Кохи Сомони бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2500 коршиноси сатҳи баланд аз 80 кишвар, роҳбарони ҳайатҳои як қатор ҳукуматҳо, намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд, ҷамъ омаданд.
Чорабинӣ бо аксбардории якҷояи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид.
Бояд гуфт, ки барои инъикоси конфронс беш аз 450 хабарнигори васоити ахбори оммаи дохилу хориҷ, аз ҷумла 150 рӯзноманигор аз расонаҳои хориҷӣ номнавис шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони чорабинии сатҳи баландро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конфронсро қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” номиданд.
Таъкид гардид, ки ҳамоиши имрӯза барои табодули афкор вобаста ба ин мавзӯи ҳаётан муҳим, инчунин, истифодаи оқилонаи захираҳои об арсаи муколамаи судмандро фароҳам меоварад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коршиносонро ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо, ки имрӯз ба як буҳрони глобалии замони мо табдил ёфтааст, ҷалб карда, коҳишёбии онро раванди ташвишовар дар таърихи инсоният арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тағйирёбии иқлим, коҳишёбии бесобиқаи пиряхҳо ва оқибатҳои фоҷеабори он барои аҳолии сайёра бо таҳлилҳо андешаронӣ намуда, зарур шумурданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дарёфти ҳалли ин мушкилот бояд талошу кӯшиши муштарак ба харҷ диҳанд.
Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон низ, ҳамчун кишвари дорои бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ, ба ин мушкилот дучор шудааст.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки камшавии пиряхҳо на танҳо ба мероси табиии мо, балки ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таҳдид мекунад.
Пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади мониторинги фарогири пиряхҳо, инчунин, барномарезӣ ва татбиқи чораҳои таъхирнопазир барои ҳифзи онҳо ҳамкории муассир бо ҳама шарикон густариш дода шавад.
Дар ин зимн, ҳамчунин, навовариҳои зеҳнӣ ва кумакҳои молию техникӣ зарур шумурда шуд.
Зикр гардид, ки пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, балки дар нигоҳдории устувории иқлими минтақа нақши калидиро иҷро намуда, барои ҳифзи иқлими глобалӣ низ аҳаммияти муҳим доранд ва зимнан, ҳолати кунунии ин пиряхҳо таҳқиқоти илмии дақиқро талаб мекунад.
Бо дарназардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон, ҳамчунин пешниҳод гардид, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмиву-таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон ташкил шуда, дар кишвари мо як озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад.
Аз ҳамаи шарикон ва ҷонибҳои манфиатдор даъват карда шуд, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд ва ба ин васила дар татбиқи “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ - солҳои 2025-2034” саҳми муносиби худро гузоранд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон тайи бист соли охир рӯзномаи об ва иқлимро дар арсаи байналмилалӣ фаъолона пешбарӣ намуда, ҳамзамон бо ин, зарурати вокуниши фаврию муштаракро барои ҳифзи пиряхҳо таъкид мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки бо дарназардошти аҳаммияти масъалаи мазкур, бо ибтикори Тоҷикистон дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардида, дар назди Созмони Милал Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.
Зарур шумурда шуд, ки давлатҳо ва созмонҳои байлналмилалию минтақавӣ бо мақсади таъмини фаъолияти босамари ин Бунёд, ҳарчи бештар саҳми молиявии худро гузоранд.
Президенти кишвар дар бораи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ва қабули қатъномаи СММ оид ба эълон кардани солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ” андешаронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи пиряхҳо андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро зарур шумурда, як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд. Аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳимми пиряхҳо, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ба роҳ мондани мониторинги фарогир ва таҳқиқоти илмӣ бо мақсади беҳтар дарк намудани ҷараёни тағирёбии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба тағйирёбии глобалии иқлим, татбиқи иқдомҳои дастҷамъӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии босуръати пиряхҳо, бахусус таъсири он ба дастрасӣ ба об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи мероси фарҳангию табиӣ.
Ҳамчунин, аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуд, ки аксарияти чораҳои ба ҳифзи пиряхҳо равонашуда ҳамоҳанг гардад.
Роҳбари давлат инчунин, пешниҳод намуданд, ки Стратегияи глобалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳия гардад.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки натиҷаҳои Конфронси имрӯза, аз ҷумла Эъломияи Конфронси Душанбе ва муроҷиати иштирокдорони Конфронс ҳамчун даъват ба иқдомҳои амалгароёнаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои саҳмгузорӣ дар равандҳои муҳимми глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хизмат хоҳанд кард.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор коршиносони сатҳи баланд, роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга, ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоу, ноиби Президенти Ҷумҳурии Малдив Ҳусейн Муҳаммад Латиф, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло, муовини директори генералии ЮНЕСКО Лидия Брито, директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Кетрин Мери Рассел, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Салсиаҳ Алишаҳбана, ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Ингминг Янг ва ноиби Президенти Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё Аҷай Бҳушан сухан гуфта, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти пиряхҳо ва ҳифзи онҳо баҳои баланд доданд.
Дар назар аст, ки аз руи натиҷаи кори нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо, Даъвати Душанбе ва Ҷамъбасти Раис қабул хоҳад шуд.
Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоу 28.05.2025

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоуро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили роҳандозӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Гамбия баррасӣ шуд.
Густариши робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ муҳим дониста шуд.
Ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ, илмӣ, таҳсилотӣ ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар, аз ҷумла таъсис додани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ амри зарурӣ арзёбӣ шуд.
Муборизаи бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла масоили муқовимат бо пасомадҳои тағйирёбии иқлим, аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.
Ҳамчунин, доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ табодули афкор сурат гирифт.
https://president.tj/event/news/50915

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА АМРИКО САФАР КАРДАНД

20 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок аз таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар карданд.
Ёдовар мешавем, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассостсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.