- Мудири бахши таҳлили харҷномаҳои Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1653,90 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва ҳуқуқи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1228,40 сомонӣ.
- Мутахассиси бахши таҳлили харҷномаҳои Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1012,60 сомонӣ.
Қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабон:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинӣ кардашуда;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи хати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
(агар шахс оиладор бошад);
-нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
-дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мудири бахш:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санаду меъёрҳои соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медарорад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер;
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо:
21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун;
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ
Телефонҳо барои тамос: 223-17-59