Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо иштироки сармутахассиси раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Лутфулло Абдулло муовини якум ва муовинони Раиси Кумита, сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони муассисаву ташкилотҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, роҳбарон ва кормандони зерташкилотҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумита, мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои фаръии корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо соли 2024 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни баромади худ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Низом Мирзозода қайд намуданд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат, ки рӯзи 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо, аз бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа қарор гирифт ироа гардид.
Раиси Кумита иброз намуданд, ки боиси ифтихор ва масъулияти баланд аст, ки бо боварӣ ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон, меъморон ва сохтмончиён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ самтҳои дурнаморо оиди инфрасохторҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва бунёди шаҳрҳо таъкид намуда, вазифагузорӣ намуданд, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ба сифати сохтмон ва санъати баланди меъмории иншооту биноҳои бунёдшаванда, ки бояд ба зебо гардидани симои шаҳру ноҳияҳо мусоидат карда, ба мардум садсолаҳо хизмат намоянд, аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.
Дар ин раванд мо бояд дарк намоем, ки ин вазифагузорӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар Паём ба мо сохтмончиёну меъморон имтиҳони эътимод мебошад.
Ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва директорони корхонаҳои фаръии КВД “Лоиҳакаш” дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушд ва амалӣ намудани фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмон, боз ҳам беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмонӣ, инчунин ташаккули механизмҳои нави ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар рушди соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ, тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҳамзамон иброз гардид, ки оид ба ислоҳи камбудӣ ва ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта, масъалаҳои ҳалталаб ва самтҳои афзалиятноки соҳа Кумита ҳамарӯза чораҷӯӣ намуда истодааст ва дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат кормандони Кумита, сохтмончиёну меъморон, лоиҳакашон, сармеъморони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо заҳмати софдилона ва иқдому фаъолияти ватандӯстонаи худ барои ободу зебо гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Сипас аз натиҷагирии фаъолияти Кумита дар соли 2024 бо назардошти вазифагузориҳо барои соли 2025 дар назди роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои зерсохтори Кумита, инчунин роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, аз натиҷааш қарорҳои дахлдори Ҳайати мушовара қабул гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа ба як қатор кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва зерсохторҳои он барои фаъолияти пурсамар ва саҳми босазою арзанда гузоштан баҳри рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумита қадрдонӣ гардиданд.