Ҳамватанони азиз ва ҳамкасбони гиромӣ!
Бо самимияти бепоён Шуморо бо фарорасии ҷашни мубораки Ваҳдати миллӣ – яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик, табрик гуфта, бароятон рӯзгори обод, саломативу саодат ва комёбиҳои нав ба навро орзумандам.
Боиси қайд аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ бо талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва барои миллати мо рӯйдоди муҳимми таърихӣ мебошад.
Пешвои миллат бо азму иродаи қавӣ ва муҳаббати самимӣ ба миллат тавонистанд миллати парешонгаштаву парешониву ноумедгаштаамонро муттаҳид созанд ва ба сӯи ваҳдату якпорчагӣ раҳнамоӣ намоянд. Имрӯз мо самараи он талошҳоро дар ҳар гӯшаи Тоҷикистони азиз — аз бунёди роҳҳо, мактабҳову бемористонҳо то суботи сиёсӣ ва болоравии маънавиёти миллиро мебинем.
Мо бояд шукрона кунем, ки дар чунин фазои ором ва муттаҳид зиндагӣ мекунем. Ҳифзи ин ваҳдати муқаддас, арҷгузорӣ ба хиради таърихӣ ва пос доштани сулҳу субот вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди соҳибнангу номуси Тоҷикистон аст.
Нақши ҷавонон дар ин раванд махсусан муҳим аст. Мо бояд насли наврасро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои ваҳдат, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия кунем, то онҳо давомдиҳандагони сазовори ин роҳи Пешвои миллат бошанд.
Бори дигар, Рӯзи Ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми шарифи кишвар самимона табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ, саодати рӯзгор ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҳамешагӣ ва ояндаи дурахшонро орзу менамоям!
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!
