Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.09. 2014, №585 тасдиқ гардидааст.
Сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ Ашурзода Бахтиёр Саидқул бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2021, №476 таъин гардидааст.
Шумораи умумии кормандони дастгоҳи марказии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ (бе ҳайати хизматрасонӣ) ба миқдори 10 воҳид муқаррар карда шудааст. Маблағгузории дастгоҳи марказии Раёсат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои дигар бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудааст.
Мақоми Раёсати экспертизаи давлатӣ- мақоми ваколатдори давлатӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуқуқи гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро дар асоси Низомнома, Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ аз 13 марти соли 2014, №187 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.
Хулосаи экспертизаи давлатӣ дар натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ аз ҷониби мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ки дар шакли «мувофиқ будан» (хулосаи мусбӣ) ва ё «мувофиқ набудан» (хулосаи манфӣ) дода мешавад.
Экспертизаи давлатӣ баъди аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (фармоишгарон) пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи барои гузаронидани экспертиза, тибқи шартномаи пардохти маблағ барои корҳои экспертӣ оғоз мегардад. Мӯҳлати гузаронидани экспертиза 30 рӯзи тақвимӣ, муқаррар гардидааст. Мӯҳлатҳои гузаронидани экспертизаи давлатии иншооти мураккаб ва калонҳаҷм дар шартнома аз тарафи ҷонибҳо муайян карда мешавад.
Дар замимаи 3-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номгӯи ташкилотҳои системаи Раёсати экспертизаи давлатӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» ва Гуруҳҳои минтақавӣ тасдиқ карда шудаанд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар», ки корхонаи зеритобеи Раёсати экспертизаи давлатӣ мебошад, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, №654 таъсис дода шудааст ва дар асоси Оиннома, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2008, №001-4525 ба қайд гирифта шуда, амалӣ менамояд.
Тибқи Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 1987, №280 дар назди Кумитаи давлатии сохтмони Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон (Госстройи Республикаи Тоҷикистон) Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ташкил карда шудааст, ки он ҳамчун ташкилоти мустақим дониста шуд. Низомномаи он бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 8 феврали соли 1988, №41 тасдиқ гардидааст. Раёсати номбурда, экспертизаи техникӣ-иқтисодӣ ва асосноккунии он, ҳисоби устувории иншоотро иҷро мекунад, ки аз тарафи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон маблағгузорӣ карда шудааст.
Сипас Раёсат аз соли 2001 то соли 2007 дар асоси қарори коллегияи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №179 ба «Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон» таҷдиди сохтор шудааст.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, №585 «Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон» ба номгуи «Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ» тасдиқ гардидааст.
Роҳбарони
Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ
- Потехин Юрий Сергеевич аз соли 1988 то соли 1990;
- Сухаревский Борис Пинхусович аз соли 1990 то соли 1993;
- Ҳакимов Пулод Ҳакимович аз соли 1998 то соли 2000;
- Усмонов Қосимҷон Турсунбоевич аз соли 2000 то соли 2001;
- Муҳамеджонов Искандар Дадаҷанович аз соли 2001 то соли 2004;
- Раҷабов Усмон Норович аз соли 2004 то соли 2007;
- Ҷумъа Зокир аз соли 2007 то соли 2013;
- Ҳакимзода Абдулло Абдул аз соли 2013 то соли 2016
- Саъдуллозода Суҳроб Файзали аз соли 2016 то 2021;
- Ашурзода Бахтиёр Саидқул аз 25 ноябри соли 2021 то инҷониб;