Press "Enter" to skip to content

Ваколатҳои раёсат

Раёсати экспертизаи давлатӣ ваколатҳои зерин дорад:

  • Гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, сарфи назар аз арзиши умумии онҳо, манбаи маблағгузорӣ, шакли моликият ва марбутияти идоравӣ дар сатҳи баланди илмию техникӣ ва бо дарназардошти истифодаи дастовардҳои пешрафтаи илму техника дар сохтмон ва лоиҳасозӣ, истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои моддӣ, сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои меҳнатӣ;
  • Дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор додани асосноккунии техникию иқтисодӣ, баҳисобгирии техникию иқтисодӣ дар сохтмони иншооте, ки дорои аҳамияти муҳими давлатӣ мебошанд ва эъмори онҳо бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ пешбинӣ шудааст;
  • Баланд бардоштани сатҳи усулҳои ҳалли меъморию тарҳрезӣ ва шаҳрсозӣ
  • Амалисозии арзёбии мутобиқати риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозӣ дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ;
  • Амалисозии арзёбии эътимоднокӣ ва истифодаи бехатари ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, оқилона ҷойгир намудани бино ва иншоот бо дарназардошти хизматрасонии санитарию маишӣ, таъмини шароити мусоиду бехатари меҳнат;
  • Амалисозии арзёбии мутобиқати истифодабарии технология, таҷҳизот, масолеҳ ва таркиботи воридотии бо тартиби муқарраршуда сертификатсиякардашуда ва дорои шаҳодатномаи техникӣ дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ;
  • Таҳия ва татбиқи нақшаҳо доир ба мутобиқати сифати ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ;
  • Пешгирии таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, ки эҷод ва истифодабарии онҳо ба талаботи меъёру қоидаҳои давлатии сохтмонӣ ҷавобгӯ нест ва ё ба ҳуқуқу манфиати қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат зарар меорад;
  • Таҳия ва ба фармоишгарон (сармоягузорон) ирсол намудани хулосаҳо оид ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, ки барои иҷро аз ҷониби фармоишгарон, ташкилотҳои пудратӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъ ҳуҷҷати ҳатмӣ маҳсуб меёбад.

Раёсати экспертизаи давлатӣ дар ваколати худ ҳуқуқ дорад:

  • Ҷамъбасти натиҷаҳои экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозиро амалӣ созад, оид ба такмили корҳои лоиҳасозию харҷномавӣ пешниҳод таҳия намояд, вобаста ба масъалаҳои таҳқиқ ва лоиҳасозӣ ба муассисаҳои лоиҳакашӣ машварат диҳад, хизматрасонии иттилоотиро ба ҷо орад;
  • Мутахассисони соҳибихтисоси вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳоро ҳамчун коршиносони ғайриштатӣ дар экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ҷалб намуда, музди меҳнати онҳоро мувофиқи тартиби муқарраршуда пардозад;
  • Аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеи маълумотҳои барои иҷрои вазифаҳои Раёсати экспертизаи давлатӣ зарурро, ба даст орад;

Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда шудаанд:

  • Аризадиҳанда-фармоишгар, ки бо ариза ё мактуб барои гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ муроҷиат кардааст;
  • Мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ-мақоми ваколатдори давлатӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқи гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро дорад;
  • Ҳуҷҷатҳои лоиҳавии якқолиба (намунавӣ) – ҳуҷҷатҳои лоиҳавии бино, иншоот ё маҷмӯи онҳо, ки хулосаи мусбии экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро гирифтаанд ва барои истифодаи бисёркарата бо роҳи мутобиқкунӣ ба шароити воқеии сохтмон таъин гардидаанд;
  • Хулосаи экспертизаи давлатӣ-натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ аз ҷониби мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ки дар шакли “мувофиқ будан” (хулосаи мусбӣ) ва ё “мувофиқ набудан” (хулосаи манфӣ) дода мешавад, ки ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ намебошад.

Мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ (минбаъд мақоми экспертизаи давлатӣ) вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  • Экспертизаи давлатии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, новобаста аз арзиши умумии онҳо, манбаъҳои маблағгузорӣ, шаклҳои моликият, тобеияти идоравӣ, ки дар сатҳи баланди илмию техникӣ, бо назардошти дастовардҳои пешқадам, сарфакорона ва самаранок истифода бурдани захираҳои моддӣ, сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои дигар иҷро карда шудааст;
  • Риоя кардани сиёсати сармоягузории давлат дар таҳияи лоиҳаҳои сохтмон;
  • Якҷоя бо вазорату идора ва ташкилотҳои дахлдор баррасӣ кардани ҳисобҳои техникию иқтисодӣ ва асосноккунии техникию иқтисодӣ барои сохтмони иншооти дорои аҳамияти давлатҳӣ, ки сохтмони онҳо ҷалби сармоягузории хориҷиро пешбинӣ менамояд;
  • Таҳия ва дар амал татбиқ намудани нақшаи назорати сифати лоиҳаҳои сохтмонӣ;
  • Роҳ надодан ба таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ, ки ба талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ҷавобгӯ нестанд ва ё ба ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат, ки аз тарафи қонун ҳимоя карда шудаанд, зарар мерасонад.

Мақоми экспертизаи давлатӣ уҳдадор аст:

  • Бо дархости аризадиҳанда тартиби гузаронидани экспертизаи давлатиро ройгон фаҳмонда диҳад;
  • Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатӣ пешниҳодгардидаро таъмин намояд;
  • Барои ифшо насохтани ҳалҳои лоиҳавӣ ва маълумоти дигари махфӣ, ки ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатӣ маълум гардиданд, чораҳо андешад.
  • Мақоми экспертизаи давлатӣ ва воҳидҳои сохтории он ҳуқуқи иштирок намуданро дар таҳияи лоиҳаҳои меъморию сохтмонӣ ва ҷустуҷӯию муҳандисӣ надоранд.