Ашурзода Бахтиёр Саидқул 10 феврали соли 1987 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Маълумоташ олӣ, соли 2009 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Академик М.Осимиро бо ихтисоси муҳандис- сохтмончӣ, соли 2020 Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисоси молия ва соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2007 ба сифати лаборанти кафедраи сохтмони саноатӣ ва гражданӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Академик М.С.Осимӣ оғоз намуда, минбаъд аз соли 2009 то соли 2011 дар вазифаи мутахассиси шӯъбаи банақшагирии сохтмонӣ шаҳрҳо ва деҳаҳои аҳолинишини Раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2011 то соли 2012 дар мансаби мутахассиси пешбари бахши ташкилотҳои лоиҳакашии Раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз феврали соли 2012 то апрели соли 2013 ба ҳайси мутахассиси пешбари Раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз апрели соли 2013 то ноябри соли 2021 дар вазифаи мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара кор кардааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2021, №476 ба мансаби сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Барои фаъолияти меҳнатӣ соли 2022 бо медали «Хизмати шоиста», медали «Аълочии маориф» ва Ифтихорномаи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.