Сорбони Шамолиддин 14 майи соли 1990 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 2013 Саракадемияи меъморӣ ва сохтмонии Қазоқистонро (рӯзона) бо ихтисоси сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ, соли 2016 зинаи магистратураи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Академик М.Осимиро (рӯзона), соли 2020 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2022 магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (рӯзона) бо ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷер хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2013 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи назорати техникӣ оид ба сохтмони манзил ва дигар соҳаҳои Муасисаии давлатии Раёсати сохтмони асосии мақомотии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оғоз намуда, баъдан аз соли 2015 то соли 2017 дар вазифаи муовини сардори шуъбаи назорати техникӣ оид ба сохтмони манзил ва дигар соҳаҳои Муасисаии давлатии Раёсати сохтмони асосии мақомотии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз соли 2017 то соли 2018 дар мансаби мудири бахши ташкилӣ ва мутобиқати Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, аз соли 2018 то соли 2019 мудири бахши таҳлили харҷномавии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ фаъолият намудааст.
Аз соли 2019 то апрели соли 2022 дар вазифаи муовини директори КВД “Ташхисгар”-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ кор кардааст.
Аз 8 апрели соли 2022 то инҷониб дар мансаби муовини сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият мекунад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.