Press "Enter" to skip to content

Назарзода Дустмурод Назаралӣ

Назарзода Дустмурод Назаралӣ 1 майи соли 1981 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 2003 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Академик М.Осимиро (рӯзона) бо ихтисоси муҳандиси сохтмон хатм намудааст.

Фаъолияти корияшро аз соли 2004 ба ҳайси нозир оид ба корхонаву ташкилотҳо дар шуъбаи фуруши оби КВД “Обу корези Душанбе” оғоз намуда, минбаъд аз соли 2005 то соли 2009 дар вазифаи муҳандиси дараҷаи 1-юми қитъаи обтаъминкунии ноҳияи Синои КВД “Обу корези Душанбе”, аз соли 2009 то соли 2020 ба мансаби сардори шуъбаи истеҳсолию техникии КВД “Обу корези Душанбе” ва аз соли 2020 то соли 2021 дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи ташхиси лоиҳаҳо оид ба шабакаҳои муҳандисии КВД “Ташхисгар”-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ фаъолият намудааст.

Аз майи соли 2021 то апрели соли 2022 вазифаи мудири шуъбаи ташхиси лоиҳаҳо оид ба шабакаҳои муҳандисии КВД “Ташхисгар”-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоињавии шаҳрсозӣ кор кардааст.

Аз аперели соли 2022 то инҷониб дар мансаби муовини директори КВД “Ташхисгар”-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият мекунад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.