Нурзода Раҳмоналӣ Нур 26 октябри соли 1981 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 2005 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Академик М.С.Осимиро (рӯзона) бо ихтисоси сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ хатм намудааст.
Фаъолияти корияшро аз соли 2005 ба ҳайси муҳандиси дараҷаи 2-юми ҶСК “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП” оғоз намуда, минбаъд аз моҳи январ то августи соли 2007 дар вазифаи муҳандиси дараҷаи 1-юми ҶСК “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП”, аз соли 2007 то соли 2008 ба ҳайси корманди хурди илмии ҶСК “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП”, аз моҳи январ то августи соли 2008 дар вазифаи корманди илмии ҶСК “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП”, аз соли 2008 то соли 2014 дар мансаби сармуҳандиси лоиҳаҳои ҶСК “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП”, аз моҳи феврал то октябри соли 2014 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ташхиси лоиҳаҳо оид ба шаҳри Душанбеи КВД “Ташхисгар”-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, баъдан аз соли 2014 то моҳи сентябри соли 2015 сарконструктор – сардори шуъбаи ташхиси иншоотҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва гидроэнергентикии КВД “Ташхисгар”-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ фаъолият намудааст.
Аз моҳи сентябри соли 2015 то июни соли 2016 дар вазифаи муовини директори КВД “Лоиҳакаш”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз 24 –уми июни соли 2016 то инҷониб дар мансаби директори КВД “Ташхисгар”-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият мекунад.
Барои фаъолияти меҳнатӣ соли 2021 бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.