Press "Enter" to skip to content

“Хабарҳо”

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА АМРИКО САФАР КАРДАНД

20 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок аз таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар карданд.
Ёдовар мешавем, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассостсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.

8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар назар аст, ки дар рафти ин сафар Сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони Сурхи шаҳри Москва иштирок хоҳанд кард.

8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ ба муносибати таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар макони баргузори чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода истиқбол гирифтанд.
Ба хотири таҷлили бошукуҳи ин рӯйдоди таърихӣ маҳалли баргузории чорабинӣ идона ороста шуда, дар ду тарафи роҳрави сурх донишандӯзони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саф кашиданд.
Дар тадбири тантанавӣ Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони корпуси дипломатӣ, Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони башардӯст иштирок карданд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиа генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода оид ба омодагии қушунҳои гарнизони Душанбе барои гузашти ҳарбӣ ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузориш дод.
Баъди садо додани Суруди миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 80-солагии ғалаба самимона табрик гуфтанд.
Пешвои миллат аз оқибатҳои фалокатбори Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан гуфта, ба наслҳои имрӯзу оянда муроҷиат намуданд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани “вабои фашизм” дар асри бистум гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: - “боиси ифтихори мо аст, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳо мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.
Гуфта шуд, ки аз якуним миллион аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод. Беш аз 100 ҳазори онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардид ва 60 ҳазори дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳамаи ин ҷоннисориҳо саҳми миллати тоҷикро дар ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем.
Таъкид гардид, ки барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор афсару сарбози тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 каси онҳо барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” мушарраф гардонида шуданд.
Роҳбари давлат саҳми ақибгоҳро дар ноил гардидан ба музаффарият дар ҷанг беназир арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки беш аз 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд. Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор занону кӯдакон ва пиронсолон аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.
Таъкид шуд, ки ҳамаи захираҳои инсонӣ ва моддиву техникии ҷумҳурии мо барои таъмин намудани ниёзҳои майдони муҳориба сафарбар гардида буд.
“Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд”, - изҳор доштанд Пешвои миллат.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории афсарону сарбозони тоҷикро дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат номиданд.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бо нархи бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳимояи он ҳоло ҳамчун вазифаи пурмасъулу бошараф ба зиммаи хизматчиёни низомӣ вогузор гардидааст.
Зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оқибатҳои харобиовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, хизматҳои таърихӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқи Ватан баҳри барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ низ андешаронӣ намуданд.
Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи иштирокдорони паради ҳарбиро ба вазъи бисёр мураккаб ва печидаи сиёсии ҷаҳони муосир ҷалб намуданд. Пешвои миллат аз афсарону сарбозон талаб карданд, ки ҳушёр бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоранд, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳоди худ оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар паҳнои оламро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо арзёбӣ намуданд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи мо саъю талоши бештар ба харҷ медиҳанд.
Пас аз анҷоми суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон ва онҳое, ки ҷони худро барои пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, таҳти навои мусиқӣ маросими гулчанбаргузорӣ баргузор шуд.
Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди оташи ҷовидон гулчанбар гузошта, хотираи неки қурбониёни ҷангро пос доштанд.
Сипас, дар назди оташи ҷовидон аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, аз номи корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва аз Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гулчанбарҳо гузошта шуд.
Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ бо амри фармондеҳи гузашти ҳарбӣ низомиёни вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати корҳои дохилӣ, вазорати адлия, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар гузашти ҳарбӣ иштирок карда, бо қадамзании мутантан аз назди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гузашти низомӣ анҷом доданд

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба 08.05.2025

Ҳамватанони азиз!
Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон!
Мо имрӯз 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро бо ифтихор ва посдорӣ аз хотираи неки фарзандони Тоҷикистон ва корнамоиву қаҳрамониҳои онҳо дар мубориза бо фашизми гитлерӣ таҷлил менамоем.
Ба муносибати ин санаи муҳимми таърихӣ – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.
Мусаллам аст, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи навини башарият аз лиҳози миқёс ва фоҷиаи инсонӣ ҷанги даҳшатноктарин ба шумор меравад.
Беш аз 70 кишвари ҷаҳон ба гирдоби ҷанг кашида шуда, дар он зиёда аз 55 миллион нафар одамон қурбон гардиданд.
Даҳҳо ҳазор шаҳрҳои хурду бузург вайрону валангор ва ба хок яксон шуданд.
Тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ин ҷанг ба ҳисоби имрӯза 4,5 триллион долларро ташкил медиҳад.
Наслҳои имрӯзу оянда бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз дӯстиву бародарӣ ва ҳамёриву дастгирии миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирӣ аз доман паҳн кардани «вабои фашизм» дар асри бистум гардид.
Мо, ҳамчунин, бояд ҳамеша бо ифтихор хотирнишон созем, ки барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд.
Ҳарчанд майдони набардҳои хунин аз Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур буд, вале акси садои он дар саросари диёри мо ба гӯш мерасид ва ҳар хонадони тоҷик гирифтори фоҷиаҳои он буд.
На танҳо дар шаҳрҳо, балки ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвари мо оилае набуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири мубориза бар зидди фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад.
Ин ҷанги даҳшатнокро мо низ сиёҳтарин саҳифаи таърих ва фоҷиаи бузург барои миллати худ меҳисобем.
Зеро аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод.
Беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардиданд ва 60 ҳазор нафари дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд.
Ҳамаи ин ҷоннисориҳо, ки дар таърихи муосири мо абадан сабт гардидаанд, саҳми миллати тоҷикро дар ин ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таҷассум мекунанд.
Мо номи неку хизмати онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштанд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоварем.
Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» мушарраф гардонида шуданд.
Беш аз 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд.
Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар – асосан занону кӯдакон – аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.
Мардуми мо онҳоро бегона нашумориданд, барояшон манзили зист, хӯроку сару либос муҳайё карданд ва аксари онҳоро ба камол расониданд.
Қобили зикр аст, ки дар ақибгоҳ низ аҳолии Тоҷикистон дар таъмини ғалаба саҳми бесобиқа гузошт.
Ҳамаи захираҳои инсонӣ ва моддиву техникии ҷумҳурии мо барои таъмин намудани ниёзҳои майдони муҳориба сафарбар гардида буданд.
Дар он рӯзҳои сангин кӯдакону занон ва калонсолон азобу машаққати гуруснагӣ ва дигар мушкилоти замони ҷангро таҳаммул карданд ва шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҳиссаи арзандаи худро барои расидан ба Рӯзи ғалаба гузоштанд.
Мардуми мо дар ҳоле, ки худашон гурусна буданд, ба майдони ҷанг ғаллаву озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд.
Мехоҳам таъкид намоям, ки ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории афсарону сарбозони тоҷик дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон барои шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол намунаи ибрат мебошад.
Шумо ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар бо нархи бисёр гарон ба даст омадааст ва ҳимояи он ҳоло ҳамчун вазифаи пурмасъулу бошараф ба зиммаи шумо вогузор гардидааст.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ҳамагӣ пас аз чанд даҳсола баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид, ки барои кишвари мо оқибатҳои фоҷиабору сангин ба бор овард.
Шумораи қурбониён ва ҳисороти моддии ин ҷанг барои Тоҷикистони тозаистиқлол аз ҳисороти ҷониву молии кишвари мо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бештар буд: беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо ҷони худро аз даст доданд, зиёда аз як миллион нафар гуреза шуданд ва ба иқтисоди миллии мо беш аз 10 миллиард доллар зарар ворид гардид.
Албатта, дар қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар мардуми Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши бузург ва ҳалкунанда бозиданд.
Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони далеру шуҷоъ ҷони худро қурбон карданд.
Мардум ва Ҳукумати мамлакат ба ин хизмати таърихии фарзандони содиқу далери худ ҳамеша арҷ мегузоранд.
Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳифзи Ватан ва ҳимояи ҳаёти осоиштаи мардум дар ҳар давру замон барои ҳар як шаҳрванди огоҳу соҳибватан ва ҷавонмардони бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.
Хусусан, равандҳои манфию хатарборе, ки ҷаҳони муосирро таҳти таъсир қарор додаанд, аз ҷумла мухолифатҳои шадиди байни абарқудратҳо, аз нав авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», инчунин, густариш ёфтани амалиёти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ сатҳи баланди омодабошӣ, маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд.
Эътимоду умеди мардум ҳар яки шумо – фарзандони содиқи Ватанро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоред, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошед.
Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки ҳифзи сулҳи пойдор, суботи комили сиёсӣ, таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеаи мо мебошад.
Ҳамин аст, ки мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар паҳнои олам яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо муайян гардидааст.
Маҳз ба хотири пайгирии ин ҳадаф ман дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи қабули қатъномаи махсусро оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешниҳод намудам.
Тоҷикистон чун кишваре, ки ҷанги даҳшатноки таҳмилиро аз сар гузаронидааст, ҳамеша ҷонибдори танҳо бо роҳи осоишта, яъне гуфтушунид ҳаллу фасл кардани ҳама мухолифату низоъҳо мебошад.
Мо, ҳамчунин, густариш бахшидани гуфтугӯи тамаддунҳоро аз ҷумлаи заруратҳои замони муосир мешуморем.
Бовар дорам, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи халқамон саъю талоши бештар мекунанд.
Бори дигар иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо – ҳомиёни содиқи Ватанро ба ифтихори 80-солагии ғалабаи таърихӣ табрик мегӯям.
Ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва барои Тоҷикистони азизамон ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва сулҳу суботи пойдор орзу менамоям.
Ҷашни ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!
https://president.tj/event/news/50746
 

Машварати корӣ

25 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини як қатор сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика машварати корӣ доир намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи кори машварат баррасии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика, хусусан, лоиҳаҳо оид ба кам намудани талафоти неруи барқ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт мебошад.
Ҳамзамон бо ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки масъалаи таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо неруи барқ аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи давлат ва Ҳукумат маҳсуб ёфта, дар ин самт Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст.
Зикр гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои зиёд кардани иқтидори истеҳсоли неруи барқ, мустаҳкам сохтани инфрасохтори низоми энергетикӣ, сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ 36 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи 89 миллиард сомонӣ амалӣ намуд.
Аз ҷумла, дар самти паст намудани талафоти неруи барқ 3 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ идома дорад.
Соли 2024 дар соҳаи энергетика боз 11 созишномаи нав барои татбиқи 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 9,6 миллиард сомонӣ ба имзо расид, ки барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки дар натиҷаи амалисозии иқдомҳои Ҳукумати кишвар доир ба рушди соҳаи энергетика зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт-соати соли 1991 ба 22,4 миллиард киловатт-соат дар соли 2024 афзоиш дода шуд.
Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки ҳоло дар кишвар татбиқи 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти энергетика ба маблағи умумии 1 миллиарду 653 миллион доллар идома дорад, ки 36 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ташкил медиҳад. Яъне қисми асосии маблағҳои ҷалбшаванда маҳз ба соҳаи энергетика равона карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаи энергетика, хусусан комилан беҳтар намудани таъминоти неруи барқ ба аҳолии кишвар ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро ҳамчун амри муҳимму ногузир вазифагузорӣ намуданд.
Ба андешаи Роҳбари давлат масъалаи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар кишвар ташвишовар боқӣ мемонад.
Бинобар ин таъкид гардид, ки барои ҷорӣ намудани назорати баҳисобгириву истифодаи дурусти неруи барқ, Агентии назорати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва дар қонунгузории кишвар барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид.
Дар машварати корӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика, вусъатбахшии ҷараёни васли ҳисобкунакҳои барқии муосир ва амалисозии тадбирҳои дигари пешбинишуда дар самти паст кардани талафоти неруи барқ баррасӣ шуд.
Аз рӯи ин масъалаҳо муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Раҳимзода Султон, директори Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” Асрорзода Нусратулло, директори “Гуруҳи татбиқи лоиҳаи кам намудани талафоти неру” Шукурзода Фарҳод ва директор оид ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авесто Гуруҳ” Бежан Азонов гузориш доданд.
Ба Роҳбари давлат доир ба татбиқи амалии нишондодҳои нави қонунгузории кишвар оид ба муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гузориш доданд.
Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки барои муайян намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани вайронкунандагони тартиботи нави муқарраргардида санҷишҳои дахлдор васеъ ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи масъалаҳои баррасишуда хулосагирӣ намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Аз ҷумла, Президенти кишвар супориш доданд, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи самараноки он ҳамчун масъалаи меҳварии таъминкунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ҳамаҷониба чораҷӯӣ карда шавад.
Инчунин, бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва тақвияти раванди татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба вазорату идораҳои марбута ва роҳбарони лоиҳаҳо бори дигар таъкид намуданд, ки назорати раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро, хусусан, дар самти кам кардани талафоти неруи барқ дуруст ба роҳ монда, барои сари вақт ва босифат баргузор намудани озмунҳои харид ва иҷрои қарордодҳои басташуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сарвари давлат ба масъулини соҳа дастур доданд, ки бо истифода аз имконияту воситаҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма, бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеъа моҳияти муқаррароти қонунгузории навро вобаста ба вазнинии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ истифода намудани неруи барқ ба таври васеъ ба ҳар як оилаи кишвар мушаххас фаҳмонанд.
Тавре таъкид гардид, ҳама бояд хуб донанд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарӣ пурзур карда шудааст, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ то маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст.
Дар фароварди машварати корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҳбарону масъулини вазорату идораҳо ва марказу гуруҳҳои татбиқи лоиҳаҳоро вазифадор карданд, ки фаъолияти худро комилан беҳтар намуда, барои ҳалли саривақтии мушкилоту масъалаҳои мавҷудаи соҳа мунтазам чораҷӯӣ намоянд.