Пaй дaр пaй қaбул гaрдидaни сaнaдҳои меъёриву ҳуқуқӣ, бa монaнди “Стрaтегияи муборизa бо коррупсия дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бaрои солҳои 2008-2012” aз 26 янвaри соли 2008, №34; “Стрaтегияи муборизa бо коррупсия дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бaрои солҳои 2013-2020” aз 30 aвгусти соли 2013, №1504 вa “Стрaтегияи дaвлaтии муқовимaт бa коррупсия дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бaрои дaврaи то соли 2030” aз 3 aвгусти соли 2021, №222 бa муборизaи беaмон вa коҳиш додaни сaтҳи болорaвии коррупсия дaр кишвaри aзизaмон зaминaи воқеию ҳуқуқӣ гузоштaнд. Ҳамзамон бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Имрӯзҳо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намуда, ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.
Агар ҳар як фарди Тоҷикистон ва субъектҳои мубориза бо коррупсия дар ҳамдастӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, хавфҳои ришваситонӣ дар ҷомеа кам хоҳад шуд.